Назорати адабиёти “зарарнок” дар Тоҷикистон

Назорати адабиёти  “зарарнок” дар Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бидуни иҷозаи махсуси ин вазоратхона ба кишвар ворид кардани китоб ва ё баръакс аз кишвар берун бурдани китобҳо, мумкин нест. Шералӣ Хоҷаев, сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми март гуфт, ворид намудани китоб ба ҷумҳурӣ бидуни иҷозаи вазорат мумкин нест. Вай гуфт, “новобаста аз теъдоди китобҳо воридшаванда, шаҳрванд бояд иҷозатномаи Вазорати фарҳангро бигирад. Ин талабот ба ҳамаи кишварҳо дахл дорад ва новобаста ба забон ва ё ҳуруфи китоб, чунин иҷозатнома бояд гирифта шавад ва пас аз он, барои ворид ва ё содир кардани он иҷозат додааст.

Ҷорӣ шудани иҷозатнома барои ворид намудани китобҳо дар ҳолест, ки Хадамоти гумуруки Тоҷикистон дар марзҳо даҳҳо китобҳои умдатан бо хатти форсиро аз мусофирон мусодира мекунанд.

Cаъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, мақомот бештар аз хатари ворид шудани адабиёти мазҳабии зиёнбор ва ифротӣ нигаронанд. Вай гуфт, “мақомоти Тоҷикистон аз ворид шудани адабиёти номатлуб нигаронанд. Аммо чун хаттӣ форсӣ барои аксарияти кормандони гумрук ошно нест, аз ин рӯ, кормандони гумрук ба ҳама гуна адабиёт бо хатти форсӣ бо шубҳа менигаранд ва ин ҳолат гоҳо боиси мусодара шудани адабиёти беозоре бо ин хат мешавад”. Аммо Шералӣ Хоҷаев гуфт: “Вақте шаҳрванд китоб ва ё, сарватҳои фарҳангиро мехоҳад ба кишвар ворид ва ё баръакс аз кишвар берун бубарад, тибқи муқарарот ба вазири фарҳанг ариза менависад. Дар ариза бояд, номи китоб, ба кадом забон буданаш, дар куҷо нашр шудан ва исми муаллиф, теъдоди он, аз куҷо ворид ва ё содир мешавад, зикр мешавад

 Ба рӯйхати китобҳои мамнӯи Вазорати корҳои дохила то ба ҳол 13 адабиёт ворид шудаанд. Дар назди Кумитаи дин низ як шӯрои хосае амал, мекунад, ки китобҳои диниву мазҳабиро ташхис дода, баъдан бо иҷозаи он ворид намудани ин китобҳо ба кишвар ва ё нашри он дар дохил, иҷоза дода мешавад.

Назардошт