Таркиш дар истгоҳи метрои Санк-Петербург

Таркиш дар истгоҳи метрои Санк-Петербург

 Дар яке аз  истгоҳҳои метрои шаҳри Санк- Петербурги Русия таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар  навори   торномаҳои иҷтимоӣ  акси  қатораи маҷақшуда ва ҷасади беҷони одамони фавтида  ба назар мерасад. Мувофиқи хабарҳо 10 нафар ба ҳалокат  расиданд.

Амалиёти ниҳебафганӣ дар  “Технологический институт” содир гардид.

Хадамоти итилоотии  метрополитени Петербург таркиши метрои вагонро тасдиқ намуд. Тибқи ахбори наврасида, “ашёи номаълум”  таркидааст.

Дар натиҷаи таркиш 30 кас захмдор шудаанд. Бино бар аксари хабарҳо байни ҷароҳатдидагон кӯдакон низ ҳастанд.

Дар манбаи агентии Интерфакс омада, ки чашмдошт аст маводи таркандаи  дастсоз аз элементҳои халанда таркиб ёфтааст.

Аз рӯи баъзе  хабарҳо бошад ҳодисаи  даҳшатзо  дар истгоҳи  “Сенная площадь” низ ба вуқӯъ пайвастааст. Алъон , тамоми стансияҳои метрои  Санкт-Петербург баста аст.

Таркиши метрои  Санкт-Петербург  расман  ҳамчун амалиёти даҳшатзо эътироф гардид. Инро раҳбари сарраёсати Додситони давлатӣ оид ба  ҳамкориҳо бо ВАО,  Александр Куренной  дар шабакаи телевизионии “Русия 24” маълум кард.

Туркистон:

Путин соли 1999  қабл аз омаданаш  ба сари қудрат дар саросари Русия даҳҳо амалиётҳои ниҳебафганӣ роҳандозӣ намуд. Путин  тавассути амалиёти ниҳебафганӣ шаҳрвандонро мунҳариф карда худ ба курсии  мансаби президентӣ нишаст. Сонӣ ба Чеченистон ҷанг сар карда,   ҳамин тариқ вакилони нухбаи русро аз сиёсат барканор кард ва ба ҷойи онҳо командаи авбошонро ба сари ҳокимият овард, ки бо номи чечинҳо машҳур буданд. Ҳамон вақт ин ҳаракатҳои Путин аз ҷониби сиёсати байналмилалӣ маъқул дониста шуд. Чунки Путин дар олами сиёсат ва иқтисодиёт арбоби  бениҳоят заиф буд. Вай сиёсати миллӣ кунонидани иқтисодиёти Русияро пеш гирифт ва ҳамин тариқ мамлакатро ҷониби ҳалокат  раҳнамоӣ кард.

  Имрӯзҳо ин сиёсати миллӣ кунонидани иқтисодиёт  бар зарари Путин шуд. Тайи солҳои тӯлонӣ сиёсати байналмилалӣ мунтазири  ба чунин аҳвол дармондани Путин буд.

Путин  Русияро ба сари ҷарии иқтисодӣ ва сиёсӣ бурда  расонд . Инак,  ҳатто даҳҳо сол сипарӣ гардад, аздусар  наметавонад Русия ба аҳволи деринааш баргардад.

Минбаъд  бо тақозои вазъият  режими Путин  такроран амалиётҳои ниҳебафганӣ содир менамояд. Ҳамин тариқ халқро мунҳариф карда,  барои  ҳаракатҳои саркӯбгарона  алайҳи  эътирозкунандагон шароиту имконияти васеъ омода  карданӣ мешавад. Бо пайдо кардани хатару воҳимаҳои Исломӣ, шояд ба тазоҳуроти мусулмонҳои Доғистон обуранги исломӣ  медиҳад. Феълан, дар Русия  мардум алайҳи ришвахӯрии иқтисодӣ  тазоҳурот доштанд. Шояд ин намоишро бо муҳити норизои исломӣ  махлут созад.

Путини бадфитрат душмани ашаддии Ислом ва мусулмонҳо мебошад ва аз ӯ тамоман  некӣ мунтазир шудан нашояд. Лекин ин дафъа ба ин услуби вай шаҳрвандонаш бовар намекунанд. Аз ин рӯ ин амалиёти ниҳебафганӣ шояд бо мақсади санҷидани халқаш ҳамчу амалиёти таҷриба , роҳандозӣ шуда бошад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт