Бадхоҳонро зиндон мунтазир аст

Бадхоҳонро зиндон мунтазир аст

Бино бар хабари ВАО,  раҳбари Қирғизистон дар ҷаласаи шӯрои Миллӣ оид ба рушди барқарории мамлакат дар солҳои 2013-2014 ширкат варзид. Вай гуфт , ки  ҳар кадоме ашхос агар ҷонибдори бесарусомонӣ бошад, пас ӯро ҳатман боздоштгоҳи тафтишотӣ мунтазир аст. Ба қавли Атамбоев мамлакат дар таърихи  наздик бо тазоҳурот ва саркӯбӣ ном баровардааст. Акнун мамлакат нав ба по хеста навоварӣ дохил намуд ва  инро аҳли олам аллакай  ҳангоми бозиҳои кӯчманчиҳои дунё,  дониста гирифт.

“ Минбаъд давлатҳои ҳамсоя наметавонанд Қирғизистонро паст зананд. Онҳо ба мо бо ҳавас менигаранд”- гуфт Атамбоев.

Вай боз изофа намуд:-“ Минбаъд мамлакати мо  ва халқи мо роҳи пешгирифтаи худро идома хоҳад дод. Агар мо нахоҳем ки  комёбиҳоямонро аз  даст диҳем, бароямон зарур аст харитаи роҳии 25 соларо тарҳрезӣ намоем. Ба андешаи ман мамлакати мо дар ин роҳ гоми устуворона мениҳад. Моро наметавонад ҳаргуна сиёсатмадорони манфур бероҳа кунанд”.

Вай аз саргузашти худ ҳодисаеро хотиррасон намуд . “ Худи ман низ дар арафаи инқилоби дуввум дар маҳбасхона  қарор доштам . Аммо вазъияти кунунӣ тамоман дигар аст. Агар мабодо нияти бад дошта бошед, мутмаъин бошед ки шуморо боздоштгоҳи тафтишотӣ мунтазир аст, бароятон дари изолятор боз аст. Мо бо меҳнати зиёд ба тинҷиву осоиштагӣ муваффақ шудем ва ин аст бурди асосии мо. Қирғизистон ба давлати соҳибистиқлол   мубаддал гашт. Мо намегузорем ки ягон неруе истиқлоли моро халалдор кунад. Мамлакат  минбаъд роҳи дигарро  интихоб намекунад. Мамлакати мо марҳилаи таърихии эҳёи миллӣ ва фарҳангиро  паси сар кард”.

Назардошт