Намоз ва ё ин ки кор

  Намоз  ва ё ин ки кор

Тибқи иттилои  сомонаи “CA-NEWS”  дар Туркманистон ҳолатҳои  аз  вазифа сабукдӯш кардани кормандони  таркиботи низомӣ, ки аз тарки намоз саркашӣ кардаанд,  рӯзафзун ба назар мерасад.

Туркмане аз рӯйи эҳтиёткорӣ номи худро ошкор кардан нахост. Ӯ як марди намозгузор аст , аз сабаби рад кардани талаботи ҳукумат, ӯро аз сафи неруҳои мусаллаҳ озод карданд. Ба қавли ӯ, аввал талаб карданд, ки дар ҷойи кораш намоз нахонад,  сонӣ дар хонаи ӯ  амалиёти кофтуковӣ анҷом доданд, китоби Қуръонро бо худ бурданд.

Аз рӯйи гуфтори низомии собиқ, гарчанд чорабинӣ алайҳи намозгузорон шиддат ёфт, аздусар ӯ дар хондани намоз мудовимат намуд. Сипас, ӯро ба вазорати Мудофиа  даъват карда талаб  намуданд то ин ки як мактуби фаҳмондадиҳӣ ва ариза барои сабукдӯш шудан аз вазифаашро иншо кунад. Сонӣ ӯро аз кор барканор карданд. Ба ғайр аз ин аз ӯ талаб карданд то ин ки хонаи истиқоматиашро, ки аз ҷониби вазорат дода шуда буд, холӣ кунанд.

Туркистон:

Агар дар хотир дошта бошед, президенти собиқи  Туркманистон марҳум Сапармурод Ниёзов  китоберо  бо унвони  “Руҳнома” интишор карда буд. Онгоҳ васоити ахбори оммавӣ  “ Туркманбошӣ”-ро  паёмбар номид.  Олими  шинохтаи Турманистон Ҳоҷааҳмад Ӯрозқличев алайҳи ин истилоҳи  густохона вокуниш карда “ Ин чиз зидди эътиқоди  мусулмонҳо мебошад” гуфт. Бо баробари ҳамин мубориза алайҳи дини Ислом оғоз шуд. Аз гуфтаҳои олим ҳукумат дарғазаб шуд ва  барқасди он амал кард. Бештар аз 40 нусхаи  тафсири  Қуръони каримро, ки дар адои он Ӯрозқличев заҳмати беандоза кашида буд, бино бар фармони ҳукумати худкома оташ  зада шуд. Вале ҳукумат бо ҳамин  қонеъ нашуд, балки қариб нисфи масҷиди шаҳри Ашқободро вайрону валангор намуд. Ва мусулмонҳои ихлосмандро, ки дар эътиқоди худ истодагарӣ карданд, бо ҷурмҳои бардурӯғ побанди зиндон намуд.

Пас аз фавти туркманбошӣ ба сари қудрат Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов  омада   фавран алайҳи Ислом ва мусулмонҳо муборизаро боз ҳам шиддат дод.

Феълан вай на танҳо бар муқобили  уламо ва масоҷид, балки алайҳи ҳаргуна арзишҳои исломӣ дар ҷомеа муборизаро оғоз намуд. Бино бар фармони ҳукумат мақомоти қудратӣ дар вилояти Дошӯғиз бар зидди мусулмонҳои  ришдор, “ шикор” сар кард. Сарраёсати  амнияти Миллӣ ва  кормандони  БДА ( Бозрасии давлатии автомобилӣ) мусулмонҳои ришдор ва ҳар кадомин муслими то синни 50 соларо боздошт намуда, бо онҳо мулоқоти махсус  мегузаронанд. Иҷборан риши онҳоро тарошида ҳатто маҷбур карданд  арақ нушанд ва гӯшти хукро истеъмол кунанд. Ҳар кадоме мусулмоне ки аз итоати мақомоти қудратӣ саркашӣ кардааст, бидуни ягон суд ва тафтишот ба муддати 7-8  сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Дар натиҷаи он маҳбасхонаҳои режим  аз мусулмонҳо пур шуд.

 Бино  бар маълумоти фаълони  ҳифзи ҳуқуқ , дар худи як маҳбасхонаи  сохтори вазнини “ Овадон Тепа” қариб 300 нафар маҳкуми диндор арзи вуҷуд доранд. Ба онҳо вохӯрӣ бо ақрабо ва гирифтани ягон  ғизоворӣ аз берун, мамнӯъ аст.

Ҳукумати расмӣ тайи чандин даҳсолаҳо бар муқобили Худо набард кард . Инак, бар замми тамоми  ҷиноятҳояшон  боз  ба фишоррасонӣ  бар муслимони намозгузор  шурӯъ намуд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт