Ҳаром будани “Наврўз” аниқ гардиду вале…

بسـم الله الرحمن الرحيم

Ҳаром будани “Наврўз” аниқ гардиду вале…

Наврўз  аз забони форсӣ гирифта шудааст . Ин рӯзест , ки  оғози соли навро ифода мекунад , асосан   ба  он  форсҳо ва туркҳо ҳамчун иди миллӣ менигаранд. Аз  30 сентябри соли 2009 инҷониб рӯзи Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун “рӯзи байналмилалӣ” эътироф гардид. Ин ид тахминан таърихи 2500 сола дорад. Мувофиқи  дини  Зардуштӣ, ин рӯз ҳамчун рӯзи ғолиб омадани  равшанӣ бар зулмат, ҷашн гирифта мешавад.

Ислом омада  ба ҳаргуна анъанаҳои  мушрикона нукта гузошт ва  ингуна ҷаншвораҳоро ҳамчун эътиқоди аҳмақона ошкор сохт. Аммо бо гузашти солҳо, аниқтараш бо  баробари ҳазида  даромадани “демократия” ва озодии эътиқоду сухан, ин чиз ҳамчун як эътиқоди озодона , ҳамчун иди  қадимӣ  дар байни мардум  эҳё гардид. Аллоҳи Таоло мегӯяд:

أَرَأَيْتَ مَنْ اتَّخَذَ إِلَهَهُ هَوَاهُ أَفَأَنْتَ تَكُونُ عَلَيْهِ وَكِيلًا(43)أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا

Оё дидӣ он касеро , ки маъбуд гирифтааст ҳавою нафси худро ? Оё ту бар вай вакилу нигаҳбон мешавӣ ? ( Не, вазифаи ту танҳо расонидани аҳкоми Худост ).

Оё мепиндорӣ  ту  ( ай Муҳаммад с.а.в.)   ки аксари ( мункирон)  мешунаванд  (сухани ҳақро) )  ё мефаҳманд  ( маънои онро) . Не, инҳо монанди  ҳайвонанд, балки гумроҳтар ( нодонтар аз ҳайвон дида). [25:43,44]

Воқеан, аксари инсонҳо андеша ронда,  сафсата будани  ингуна афсонаҳоро, анъанаҳои бофтаро  аллакай  сарфаҳм рафтанд. Ҳатто илму фани замонавӣ  ғайриасос будани ингуна маълумотҳоро фош намуд. Лекин  “бут”- е , ки дар  қалби инсон маҳбус аст, ба таври дигар гӯем  нафсу хоҳиш инсонро ба роҳи разолат мебарад.  Ҳатто аҳли илм ва барандагони даъват ҳақро аз ботил ҷудо карда наметавонад  аз  якдигар фарқ карда наметавонад.

Аз ҳамин сабаб дар сари дуроҳаи  гумроҳӣ қарор доранд. Гарчанд демократияро куфр медонанд, ба талаботи Шариат неву бино бар “хоҳишашон” амал мекунанд. Масалан: Ҳаргуна маъно – ҳукмҳо, ки бар асоси Шариат  барпо нашудааст, ин фармудаи нафсу хоҳиш аст. Ё ин ки ба таври инфиродӣ,  ҷудо аз ҷамоат,  тани танҳо бурдани давъати ҳақ низ аз зумраи итоат ба  амри “хоҳишу нафс” аст.

Чунки  тариқати  даъвати  Расулаллоҳ (с.а.в.)  чунин нест, аз ин рӯ Шариат чунин намебошад. Бо баробари ҳамин риоя  накардан ба тартиби даъват, надонистан ё ин ки бархилофи қоидаҳои даъват амал кардан низ амри “ нафсу хоҳиш” аст. Чунончӣ саркашӣ кардан аз итоати Амири ҷамоат низ аз зумраи саркашӣ кардан аз амри Шореъ мебошад. Бандаи нафс будан аз Ислом нест. Ба тариқи мисол кас  ба намози  Ҷумъа раваду ба таври ҷудогона алоҳида, намоз хонад ё ин ки ба имом иқтидо нокарда, ба таври худ фарзи намози ҷумъаро адо кунад,  магар намози ӯ қабул мешуда бошад?! Албатта на !

Инчунин барандаи даъват ба тамоми қарорҳои Амир бечунучаро итоат карданаш лозим аст. Даъват бояд бо машварат, дар шакли ҷамоӣ бурда шавад. Яъне агар мушриф ҳарчанд  собиқаи бой дорад ва якчанд маротиба  таълим додааст, аздусар ҳар дафъа  бояд ба дарс бо тайёрӣ биравад.  Пешакӣ омодаи дарсдиҳӣ бошад. Ё ин ки агар ягон дорис ба дарс дер монад ва ин ҳол якчанд бор такрор шавад, ҳатман бояд инро муолиҷа кард .  Ақлро ҳакам кунему дар асл  пайрави нафси худ бошем, ин сабабгори нокомии кор хоҳад шуд. Ба  Шумо мағлубияти ҷанги “Уҳуд” –ро хотиррасон мекунем. Онгоҳ мусулмонҳо ба сабаби саркашӣ кардан ба итоат ва  амал кардани бино бар амри хоҳиш ба мағлубияти азим  дучор омаданд. Аз ин рӯ мо дар куҷое набошем ва  новобаста ба шарту шароит ва бояд фаҳмиши худро аз “бут” ,  яъне аз амри нафсу хоҳиш пок созем. Ба ҳаёт Исломи софро татбиқ намоем то инки Худованд моро бо нусраташ хушнуд  гардонад.

Ғариб.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт