Президенти Афғонистон бо мухолифини маҳаллӣ созиш намуд

Президенти  Афғонистон бо мухолифини маҳаллӣ созиш намуд

Тибқи  иттилои матбуоти маҳаллии Афғон, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи панҷшанбе бо мухолифати  мусаллаҳи  намоёни мамлакат  бар раҳбарии Гулбиддини Ҳикматёр , яъне бо партияи Исломии Афғонистон   шартномаи сулҳ ба имзо расонд.  Аз   рӯйи баъзе тахминҳо раҳбари ин гурӯҳ  алҳол дар Покистон қарор дорад ва ҳанӯз рӯзи чаҳоршанбе ба ин созиш ризогӣ  дода буд . Варианти нахустини  созиши сулҳ рӯзи 22 сентябр дар музокироти  Қобул  тасдиқ ёфтааст.

Раҳбари маҳкамаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерики Могеринӣ дар хусуси созиши боло ибрози андеша намуда гуфт:-“ Дар 15 соли охири таърихи Афғонистон  аввалин маротиба созиши сулҳ ба имзо расид. Дар айни маврид  аз тарафҳо талаб карда мешавад, ки  созишро ба иҷро расонанд.  Ин кори  пурмасъулият аст ва сабру парҳезгорӣ мебояд. Иттиҳоди Аврупо дар ҳаргуна ҳолат Афғонистонро аз ҷиҳати сиёсӣ ва молиявӣ пуштибонӣ хоҳад кард”.

Гурӯҳи мусаллаҳи Ҳикматёр дар мамлакат яке аз неруҳои  муқдадир ба шумор рафта,   дар ҷойи дуввум пас аз ҳаракати “ Толибон “ меистад.  Раҳбари гурӯҳ дар солҳои 1993-1994 дар Афғонистон вазифаи нахуствазирро ба ӯҳда дошт.  Аз соли 2003 сар карда   ИМА ӯро ба рӯйхати ифротгарон ворид кардааст. Чунончӣ дар ин рӯйхат номи раҳбари Толибон Мулло Умар, раҳбари “ Ал- Қоида” Ибни Ладун низ   ҷой гирифтаанд. Вале то ба ҳанӯз ҷойи зисти Ҳикматёр номаълум аст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт