Толибон шартҳои гуфтушунидро  эълон кард

 Ҳайати намояндагони Толибон дар пойтахти давлати Қатар шаҳри Доҳа бо аъзои Шӯрои Олии сулҳпарвари Афғонистон мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ Толибон шартҳои худро эълон кард. Яъне барои саршавии гуфтушуниди осоишта баҳри нуқта гузоштан ба ҳуҷуми 14 солаи ИМА ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ чандин талаботи хешро маълум кард. Воизи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид қабл аз саршавии музокира талаб  намуд, то ин ки ҳаракати Толибон аз рӯйхати “терроризми байналмилалӣ” кӯр карда шавад.

“Барои ширкат варзидан дар ҳаргуна гуфтушуниди расмии сулҳталаб  зарур аст, ки муҷоҳидини мо аз рӯйхати террористии ИМА ва СММ хат зада шавем. Инчунин , тамоми мукофоте, ки барои дастгирии ҳар кадоми онҳо ваъда дода шудааст, бекор карда шавад”- гуфт Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.

Cоли 2013 дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа бюрои сиёсии Толибон  боз шуда буд, вале бо  аксари сабабҳо баста гардид. Дар мулоқот  аз сари нав кушода шудани он талаб карда шуд. Забеҳуллоҳ  ба ҳар вохӯриҳое , ки то ба ҳанӯз баргузор гардид, баҳои “мусбат” дод.

  Воизи Толибон ба агентии “AFP” гузориш дода чунин гуфт:-“ То ба имрӯз дар якчанд мавзӯъҳо ва дар чандин нуктаҳо созиш карда тавонистем. Пеш аз ҳама тамоми артиши хориҷӣ берун  бояд карда шавад. Аммо  роҳу равиши  амалӣ гардонидани ин ҳолро ҳанӯз муайян накардаем”.

 “Хоссатан дар хусуси таъсиси  сохтори мустақили исломӣ ҳамфикр ҳастем. Ҷиҳати ҷолиб он аст, ки тамоми иштирокчиён ба барпошавии “ Аморати Исломии Афғонистон” ризо ҳастанд,- гӯён илова кард Воиз.

Дар сафи Шӯрои Сулҳхоҳи Олӣ аз ҷониби ҳукумати Афғон ҳамчун вакил Аминуддин Музаффарӣ иштирок кард . Вай нисбати талаботу шарти Толибон фикри танқидӣ изҳор намуд.

 Музаффарӣ ба агентии   “AFP”  гузориш дода чунин гуфт :-“ Ҳаргуна талаб ва шартҳо сабабгори таъхир пазируфтани  муддати созиш мегардад”.

 Гуфтушунид бар сарварии гурӯҳи байналмилалии “Pugwash Conferences” ҷараён дорад. Раҳбари “Pugwash”  Паоло Cотта-Рамусино таъкид кард, ки муаммои Афғонистонро   услуби низомӣ асло  ҳал намесозад.

Тавассути Facebook шарҳ гузоред.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт