Ғанӣ ваъдаи ИМА-ро ба даст овард

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо котиби давлатии ИМА Жон Керрӣ ва вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер вохӯрда ваъдаи навбатии кӯмаки ҳарбиро ба даст овард. Тибқи хабарҳо, бино бар ваъда ИМА 352 ҳазор аскари афғонро то ба соли  2017 бо маблағ таъмин мекунад. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раҳбари иҷроия Абдуллоҳи Абдуллоҳ бо котиби давлатии ИМА Жон Керрӣ ва вазири дифоъ Эштон Картер дар қароргоҳи Кэмп Дэвид  сӯҳбат оростанд. Сипас , дар нишасти матбуотӣ  бо хабарнигорон вохӯрда ба суолҳои  онҳо ҷавоб доданд. Дар он Эштон Картер  маълум кард, ки 352 ҳазор нафар артиши афғон то ба соли 2017 аз ҷониби ҳукумати ИМА бо маблағ таъмин карда мешаванд.

“ Ин  кор яке аз ӯҳдадориҳои дӯши мо ба шумор меравад” – гуфт Картер.

Дар навбати худ  Ашраф Ғанӣ аз шунидани ин гапҳо хеле мамнун шуда маълум кард, ки ин  маъно ифодаи  пуштибонии калонро дорад. Жон Керрӣ иброз дошт, ки масъалаи  таъминоти сулҳу субот  ва  аз ҷумла  беҳбудии тарзи зиндагонии ҷамъияти Афғон дар муносибатҳои байни ду давлат  ҷои   махсусро ишғол мекунад.  Инчунин Керрӣ маълум кард, ки дар давоми соли ҷорӣ аз Қобул боздид  менамояд. Керрӣ маслиҳат дод то ин ки барои ворид намудани навоварӣ  дар ислоҳотҳои давлатӣ боз як ташаббуси ривоҷу равнақро  кор карда бароянд. “ Ин ташаббус  аз ҷиҳати стротегӣ муҳим будани алоқаҳои Афғонистон ва ИМА-ро ифода мекунад.  Ва сарчашмаи ҳамкориҳои  нави байни давлатҳо хоҳад буд”- гуфт Керрӣ.

Керрӣ гуфт, ки 800 миллион доллар ёрдампулӣ барои ривоҷ додани ташаббуси  нави ҳукумати афғон имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Ҳангоме , ки доир ба неруҳои ИМА дар Афғонистон суол дода шуд Керрӣ гуфт:-“ Миссияи ИМА дар Афғонистон ҳанӯз дар соли 2014 ба поён расидааст ва теъдоди низомиён то ба 10 ҳазор ихтисор карда шудааст. Вале вазифаи  аз омодагии ҳарбӣ гузаронидани ҳарбиёни афғон  минбаъд  низ соҳибэътибор аст”.

Туркистон:

 Рисолаи болои ИМА фақат бо мақсади тайёр кардани Афғонистон ба ҷангҳои нав дар минтақа пешниҳод карда шудааст. Барои он ки мардуми афғон дар дасти қотилонашон ба мисли саги вафодор хизмат кунанд, лозим аст ки онҳоро бо қашшоқии сунъӣ нигоҳ дошта шаванд. Аз ин мебарояд имтиҳоне ки ба сари мардуми афғон омадааст, то ба ҳанӯз боқӣ аст. Баръакс онҳоро имтиҳонҳои нав ба нав мунтазир аст.

 ИМА дар мубориза алайҳи Ислом ва Мусулмонҳо , халқро бо пул харида гирифта, худаш ба паси онҳо пинҳон шуда, дар Афғонистон  ба муваффақияте ки бо артиши худ соҳиб нашуд мехоҳад бо артиши Мусулмон  ноил гардад. Дар натиҷа барои вай дарҳои имконот васеъ боз мешавад. Ва  ИМА бечуначаро ба давлатҳои атрофи минтақа; Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон, Покистон, Хитой ва боз ба дигар давлатҳои фишор меоварад. ИМА  ба Афғонистон дахолат карду аммо онро ба даст оварда натавонист, инак зарурати бо роҳҳои дигар ғасб карданро кишвари афғонро ба нақша гирифт. Аз ин рӯ  роҳбурди худро  боз дигаргун кард. Онро бо воситаи халқи худ, тавре ки дар давраи Шӯро армияи СССР-ро бо воситаи мардуми маҳаллӣ  бадар карда буд, акнун тамоми Афғонистонро аз қабилаҳои муборизи Мусулмон  ва ҷамоаҳои зидди якдигар тоза кардан мехоҳад. Агар неруи ҳарбии ҳукуматӣ дар минтақа ҳудуди васеъро таҳти назорати худ қарор диҳад, ИМА мувофиқи  манфиатҳои худ ба кишварҳои Осиёи Миёна  тазйиқ меоварад. Ва ба як қувваи азим мубаддал мегардад. Давлатҳои ба монанди Русия аз тамоми қувваҳои таъсиррасони худ дар Афғонистон маҳрум мемонанд.

  Лекин лоиҳаҳои ИМА дар Афғонистон ҳамеша дар охираш барбод мешавад. Таи чандин солҳо мехоҳад бо  Толибон мулоқот кунад, ҳатто пул ваъда кард, барои расидан ба сари мақсад ҳазорҳо маблағ сарф намуд, аммо   ҳаргуна кӯшиши вай барбод рафт. Модоме  Толибон артиши СССР-ро пеш карда баровард, садди роҳ шуда натавонистан  ба онҳо далели  аз саранҷом оҷиз будани он аст.

Худи лоиҳаи боло ва қабул кардани он давлатҳои атрофи минтақаро ба ҳушёрӣ  фаро мехонад. Зеро мумкин аст, ки аз амалӣ шудани ин лоиҳа давлатҳои атроф тарсида, муомилоти худашонро ба ИМА  тағир диҳанд. Чунки ин лоиҳа гарчи дар рӯи коғаз бошад ҳам , хеле хатарнок аст ва   чандин даҳсолаҳоро ба таркиби худ дохил мекунад. Инак , маблағи масрафкардаи ИМА барои нигоҳ дошта истодани ҳарбиён, қабл аз муяссар шудан  ба мақсад ва қабл аз амалӣ шудан  мумкин аст  натиҷаҳои ғайричашмдошт  тавлид намояд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт